Яхи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон об шуд

Ӯзбекистон ягона давлатест, ки бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамҳудуд мебошад. Ҷараёнҳои навсозӣ нафақат барои худи Ӯзбекистон нақши муҳим доранд, балки ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ таъсири нек мерасонанд. Ба шарофати мавқеи ҷуғрофӣ ва иқтидори демографиву иқтисодиаш мамлакат ба сифати қалби Осиёи Марказӣ эътироф шудааст.
Баъди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба таҳкими муносибатҳо бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки ба эътимоди тарафайн, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ такя мекунанд, эътибори махсус дода шуд. Ин муносибат барои ваҳдати минтақа ҳамчун асос хидмат мекунад. 
Таърих ва суннатҳои умумӣ

Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро таърихи ягона, суннатҳои маънавӣ алоқаманд мекунанд. Ин ду халқ аз қадимулайём аз як дарё об нӯшидаанд, онҳоро риштаҳои хешу таборӣ мепайванданд. Ҳарчанд мо бо забонҳои гуногун ҳарф мезанем, тарзи ҳаётамон, маданиятамон қарин мебошанд. Суруду оҳанг, эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ба якдигар омехтаанд. Анъанаҳои дӯстии бостонӣ ва эҳтироми тарафайн дар муносибатҳои байни кишварҳо чун асоси мустаҳкам хидмат мекунанд. 
Замонҳое низ буданд, ки дар байни халқҳои бародар девор буд. Сафарҳои тарафайн ба орзуҳои иҷронопазир мубаддал шуда буданд. Муносибати байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бинобар сабабҳои мухталифи геосиёсӣ тезу тунд гардид. Вале ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати дурбинонаи президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои бисёрҷанба тӯли солҳои охир ба сатҳи нав бардошта шуданд. Дӯстии байни халқҳо мустаҳкам гардид. 
Аз ибтидои соли 1992, аз замоне, ки муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуда буданд, беш аз сад муоҳида ва шартнома дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд. Ин ҳуҷҷатҳо самтҳои муҳими шарикиҳоро дар бар гирифта, барои таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ғайра асос гардиданд. Дар Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ, ки 4 январи соли 1993 имзо гардид ва Муоҳида дар бораи дӯстии абадӣ, ки 15 июни соли 2000 имзо шудааст, равандҳои асосии муносибатҳои дуҷониба мушаххас шудаанд. Инҳо эҳтироми истиқлолият ва мустақилии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, саъю кӯшиш барои истиқрори робитаҳои муфиди тарафайни иқтисодӣ ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи субъектҳои хоҷагидорӣ мебошанд. 
Гуфтушунидҳои конструктивӣ

Дар муҳлати кӯтоҳи сипаришуда дар муносибатҳои тоҷикистониву ӯзбекистонӣ дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд. Пешбурди онҳо аз сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки соли 2018-ум ба вуқӯъ пайваст, оғоз ёфт.
Рӯҳи конструктивии гуфтушунидҳое, ки дар Душанбе дар вазъи дӯстона баргузор шуданд, омили вусъат пайдо кардан ва амиқ гардидани ҳамкориҳои васеъмиқёс дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, маданиву башардӯстӣ ва ғайра шуданд. Ҳоли ҳозир роҳбарони ҳар ду кишвар барои мустақимона инкишоф додан ва мустаҳкам намудани шарикии бисёрҷанба хоҳишу майли мустаҳкам доранд, ҳамчунин дӯш ба дӯш гузошта барои забти қуллаҳои нав саъй менамоянд. 
Робитаҳои тарафайни дӯстӣ бо қадамҳои мушаххаси амалӣ ғанӣ гардида, зуд инкишоф меёбанд. Саҳифаҳои нави ҳамкорӣ аз мақсад ва пешомадҳои нав ба манфиати ҳар ду халқ пурра мешаванд. 
Ба суханони президенти парлумони замини Бремен (Олмон) Кристиан Вебер муроҷиат мекунем:
– Баъди ба сари ҳукумати Ӯзбекистон омадани Шавкат Мирзиёев вазъият дар мамлакат ба шарофати татбиқ намудани ислоҳот зуд тағйир меёбад. Тошканд фаъолияти сиёсати хориҷии худро, бахусус дар муносибатҳои тарафайн бо ҳамсояҳо инкишоф дод, дар муддати кӯтоҳ пешрафти воқеӣ ба даст омад. Ӯзбекистон дар самти мазкур роҳ ва сиёсати дурустро пеш гирифтааст, ки аллакай натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Аз ҷумла, сафари давлатии роҳбари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, бидуни шубҳа, таърихӣ мегардад ва имкониятҳои навро дар муносибатҳои дуҷониба фароҳам меоварад. Шавкат Мирзиёев худро ба сифати ислоҳатгари хеле муқтадир ва сиёсатмадори дурбин муаррифӣ менамояд. Мо корҳоеро, ки ӯ амалӣ мекунаду ба таъмин гардидани сулҳу салоҳ, эътидол ва шукуфоии минтақа мусоидат менамоянд, дастгирӣ мекунем. 

Эътимод ва ҳусн

и тафоҳум

Вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои телефонии роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон доимӣ гардиданд. Муҳтавои мулоқот, аз бисёр ҷиҳат ба эътимоди тарафайн, ки байни президентҳо ташаккул ёфтааст, вобаста мебошад. Ин ҷиҳат дар вазъи ғайрирасмӣ, ҳангоме ки сарони кишварҳо нисбат ба якдигар бо суханони «бародари азиз» муроҷиат мекунанд, низ зуҳур меёбад. Мулоқоти кушоду самимӣ дар сатҳӣ олӣ барои пурзӯр гардидани ҳамкориҳои байниҳукумативу байниидоравӣ асоси мустаҳкам мегардад.
Моҳи августи соли 2018 аввалин сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар рушди ҳамкориҳои тарафайн ҳодисаи навбатии дорои аҳамият пазируфта шуд. 
Кушоиши сарҳадҳо – бахту саодати воқеӣ

1 марти соли 2018 дар ҳаёти шаҳрвандони ду мамлакат замони воқеан хубу фаромӯшнопазир оғоз гардид. Ҳисоботи татбиқшавии шартномаҳо, ки дар байни роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расиданд, аз ҳамин рӯз ибтидо мегирад. Нуҳ нуқтаи назоративу гузаргоҳии байни сарҳадҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар вазъи  тантанавӣ кушода шуданд. Инҳо нуқтаҳои назоративу гузаргоҳии шоҳроҳи автомобилии – «Ҷартеппа» («Саразм») дар вилояти Самарқанд, «Қӯшкент» («Ӯротеппа») ва «Учқӯрғон» («Ҳавотоғ») дар вилояти Ҷиззах, «Хавособод» («Зафаробод») дар вилояти Сирдарё, «Бекобод» («Ҳаштяк») дар вилояти Тошканд, «Поп» («Навбунёд») дар вилояти Намангон, «Равот» («Равот») дар вилояти Фарғона, «Гулбаҳор» («Айваҷ») дар вилояти Сурхондарё, ҳамчунин нуқтаи «Амузанг» («Хошадӣ») дар хати роҳи оҳан мебошанд. Маросими кушоиши сарҳадҳо бо иштироки шахсони расмии ду мамлакат ва аҳолии ноҳияҳои наздик дар вазъи мутантан баргузор шуданд. Онҳо ҳодисаҳое мебошанд, ки халқҳои бародар бесаброна интизор буданду барои сафарҳои байниякдигарии шаҳрвандон имконият фароҳам оварда, ба нигоҳ доштану мустаҳкам намудани алоқаҳои хешу табории халқҳои ду кишвар хидмат хоҳанд кард. 

Пулҳои дӯстӣ

Дар байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди собиқ низомҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва саноату савдо ба ҳамдигар вобаста буданд, тӯли солҳои истиқлолият  алоқаҳо дар соҳаҳои мазкур тақрибан аз байн рафтанд. Аввал алоқаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла парвозҳои авиатсионӣ – рафтуои самолётҳо бинобар хатсайри Душанбе – Тошканд бекор карда шуданд. Баъдтар  истифодаи роҳе, ки аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба водии Фарғона мерафт, манъ шуд. Дар байни ду ҷумҳурӣ низоми раводид ҷорӣ гардид.
Баъд аз соли 2016-ум сарҳадҳо кушода шуданд ва деворҳо аз байн рафтанд, ба ҷойи тавораҳои хордор «пулҳои дӯстӣ» пайдо шуданд, дар Тоҷикистон низ роҳҳо боз гардиданд. Вале дар муқоиса бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон обшавии яхҳо дар муносибат бо Тоҷикистон мураккабтар буд. Дар тӯли беш аз 20 соли баъд аз истиқлолият алоқаҳо акнун ривоҷ ёфтанд, ҳарчанд халқҳои мо асрҳо дар байни мардумони Осиёи Марказӣ аз ҳама қарин буданд.  Нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ кушода шуданд, барқароршавии равуо аз тариқи роҳи оҳан ва роҳҳои ҳавоӣ бо хурсандии бузург истиқбол гардид. Мардуме, ки дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, муносибати тағирёфтаи сарҳадбононро нисбат ба худ зуд эҳсос карданд. Дигар ягон кас, барои онҳо тавре ки пештар буд, мушкилоте эҷод намекард.
Гузаргоҳҳои нақлиётии Ӯзбекистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ, вусъат додани робитаҳои тиҷоратӣ бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин бо Афғонистон хеле муҳим мебошанд. 
Дар натиҷаи беҳшавии муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои ҳамкории нақлиётӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ низоми ягонаи энергетикӣ эҳё гардид. 

Ҳудудҳои бидуни мина

Бинобар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 сарони ду давлат барои анҷом додани корҳо бинобар то охири соли 2019 аз мина тоза кардани ҳудудҳои умумӣ ба мувофиқа расиданд. Дар рӯзҳои аввали соли 2020-ум шахсони расмии давлатҳои мо эълон карданд, ки ҳудудҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз минаҳои пештар гузошташуда куллан тоза карда шуданд. Чун одат тоҷикистониён ва бахусус  онҳое, ки дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ бо Ӯзбекистон зисту зиндагӣ мекунанд, ин навгониро бо хурсандии бузург истиқбол гирифтанд. 
Аввалин таркиши м

ина дар сарҳад, ки боиси ҳалокати одамон гардид, 29 августи соли 2000-ум дар Исфара ба вуқӯъ омад. Дар натиҷа ду зан ва ду духтаре, ки дар деҳаи Қизилпилоли ҳудуди ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона зиндагӣ мекарданд, ҳалок шуданд. Боз як зан ва духтар ҷароҳат бардоштанд. Баъд аз ин ҳодиса одамоне, ки дар нуқтаҳои аҳолинишини Лаккон, Офтобрӯ, Кулкент, Чилгазӣ ва Нефтободи ноҳияи Исфара, ҳамчунин ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Панҷакент ва Шаҳристони шимоли Тоҷикистон  зисту зиндагӣ мекарданд, қурбони мина  шуданд. Нафаре аз фавтидагон террорист ё худ нашъафурӯш набуд. Яке чорвояшро мечаронид, дигаре барои ҷамъоварии ривоҷ (чукрӣ) ба кӯҳ баромада буд, кадоме мехост аз хешовандонаш, ки дар Ӯзбекистон зиндагонӣ мекунанд, хабар гирад. Шукри Худо, ки он рӯзҳо паси сар шуданд. 

Зуҳуроти равшани инсонпарварӣ 

9 апрел Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон орд ва воситаҳои зиддисептикиро фиристод. 7 май аз Ӯзбекистон ба сифати кӯмаки башардӯстона 144 контейнери зарурии тиббӣ омад, ки дар рӯзҳои душвор барои ҷойгиркунӣ ва табобати беморони коронавирус ба кор омаданд. Контейнерҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва дар ҳар кадоми онҳо ҷойҳо барои истироҳат ва шустушӯ, хатҳои санитарӣ мавҷуд буданд. Онҳо бодбезак доштанд. 
Барои кӯмакрасонӣ дар мубориза бар муқобили касалии коронавирус аз Ӯзбекистон ҳашт нафар духтурони дорои маълумоти олӣ омаданд, ки таҷрибаи худро бо шифокорони мо барои табобати беморон баҳам диданд. Охири моҳи май аз Ӯзбекистон бори навбатии сеюми башардӯстона расид. Бо вуҷуди он ки худи Ӯзбекистон аз пандемияи коронавирус азият мекашад,  вай ҳатто дар чунин замони душвор ҳам бо мо – ҳамсояҳои худ ҳамдард буд. Ин нишони меҳру мурувват ва кушодадилии халқи бародари ӯзбек мебошад. 
1 май сарбанди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон зарар дид. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар бехона монданд ва маҷбур буданд муваққатан ҷойи зисти худро тарк кунанд. Вазъияти дар кишвари ҳамсоя ба миёномадаро дида Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба Ӯзбекистон барои ҷабрдидагон ба сифати кӯмак дар ҳаҷми зиёда аз 2,5 миллион доллар 51 вагон маводи сохтмону бинокорӣ фиристода шавад. Бигузор, дӯстии байни мо абадӣ бошад.
Иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳои мо, мулоқоти пурмуҳтавои байни онҳо, гуфтушунидҳои дуҷониба ба рушди минбаъдаи мамлакатҳо ва фаровонҳолии халқҳои бародар мусоидат мекунанд. 

Қобилҷон ХУШВАҚТЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.    

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ