Баъзе хусусиятҳои забонии рӯзнома

Баъзе хусусиятҳои забонии рӯзнома

Забони адабӣ мустақиман талаб менамояд, ки тарзи баён, корбасти вожаҳо, ибораҳо ва маъниҳои гуногун барои омма фаҳмо бошанд. Ҳар навгонии ҳаёти иҷтимоӣ тавассути калимаҳо дар забон акс меёбанд. «Воситаҳои ахбори умумро оинаи забон меноманд, зеро ҳар падидае, ки дар забон ба вуҷуд меояд, пеш аз ҳама, дар воситаҳои ахбори умум зоҳир мешавад».
Аз ин сабаб устод Айнӣ саҳми бузург доштани матбуотро ба инобат гирифта, роҷеъ ба ин масъала чунин иброз намудааст: «Вазифаи бузурге, ки ба гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашони тоҷик бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани он аст ба оммаи мардуми тоҷик».
Воқеан, бояд забони матбуот ба омма фаҳмо бошад ва дар он ҳақиқати зиндагӣ бе суханбозӣ, бидуни корбасти вожаҳои душворфаҳми арабӣ бо забони содаву зебову шевои тоҷикӣ тасвир ва инъикос ёбад.
Рӯзномаву публисистика вазифаҳои хабаррасонӣ ва мутаассирнамоиро адо мекунанд. Ҳар як рӯзноманигор роҷеъ ба воқеаву ҳодисот фикру мулоҳиза ва андеша меронад. Маҳз таъсири мутақобилаи ин вазифаҳо меъёри истеъмоли луғат ва унсурҳои забониро муайян месозад.
Назар ба ақидаи забоншиноси тоҷик Б. Камолиддинов «аз нимаҳои қарни гузашта соҳибзабонон, хусусан, аҳли қалами тоҷик ба масъалаи покиза нигоҳ доштани сарватҳои луғавии забони модарӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, ки калимаю истилоҳоти безарурат аз забонҳои дигар иқтибосшударо санҷида, имкон бошад, бо калимаю истилоҳоти забони тоҷикӣ иваз намоянд».
Ҳар калима ё истилоҳоти ифодакунандаи мафҳуми нав қаблан аз радио ё телевизион баррасӣ мегарданд. Пас тавассути воситаҳои ахбори умум маълум мешаванд.
Матбуот, яъне рӯзнома барои ҳалли масъалаҳои сиёсӣ – иҷтимоӣ дар ҳаёти халқ ва миллат аҳамияти муҳим дорад.
Рӯзномаи «Овози Самарқанд», ки аз 1-уми январи соли 1990 тӯли 30 сол нашр мешавад, яке аз рӯзномаҳои тоҷикии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои хабаррасонӣ ва таъсирбахширо пурра адо мекунад.
Рӯзнома барои ба омма расонидани қарору фармонҳо тарғибу ташвиқи навигариҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ-­маърифӣ, мадании вилояти Самарқанд ва навигариҳои мамлакатҳои хориҷа хизмат мекунад. Дар рӯзнома жанрҳои гуногун, масалан, хабар, интервю, мақола, шарҳ, лавҳа, очерк ва дигарҳо чоп мешаванд.
Чунончи, дар мақолаи «Оилаи ман – биҳишти ман» (22. 11. 07)-и Насим Қобилов тарзи зиндагии ду оила таҳлил карда шудааст. Аҳамияти тарбиявии мақола баланд буда, дар миёни омма ва ҷавонон меҳру муҳаббат, ҳурмат ва эҳтиром, инсонпарварӣ ва ғояи ба падару модар ва оилаи худ садоқатмандиро тарғиб мекунад. Ҷавонон мақоларо хонда, таҳлил намуда, хулосаҳои дуруст мебароранд. Мақола бо забони сода навишта шуда, дар он истифодаи калимаҳои умумистеъмолӣ низ аҳамиятнок аст. Масалан: ронанда, занг, шиноснома, шароб, қадаҳ, ҷавонӣ, зан, фарзанд, модар, падар, дӯст ва дигарҳо. Калимаҳои мазкурро муштариёни рӯзнома ба осонӣ мефаҳманд.
Мақолаҳои «Устоди табаррук», «Марде, ки чил ҳунар дорад» (8.11.07), «Парвозгоҳи ҳаёти ман» (17.01.08), «Давлати пирӣ» (17.08.07) дар бораи ҳаёти шахсони хизматнишондодаи соҳаҳои гуногуни вилоят ҳикоя мекунад. Мақолаҳои мазкур бо забони фаҳмо навишта шуда, диққати муштариро ба худ мекашанд: зодгоҳ, коргоҳ, тавоно, ҳамсар, осуда, мусаффо (17.01.08), сардор, парвоз, нафақа (17.08.07), ҷавон, хоксор, маориф (8.11.07) ва дигарҳо. Дар мақолаҳо калимаҳои русӣ-­байналмилалӣ низ корбаст гардидаанд: самолёт, аэропорт, курсант, казарма (17.01.08), авиатсия, лётчик, фронт, госпитал (17.08.07), поезд, трамвай (8.11.07).
Дар мақолаҳои «Бахти ширин» (13.03.08), «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» (22.11.07), «Воситаи муҳими тарбия» (17.01.08), «Шарофати панди падар» (29.11.07), «Чароғи маънавият» (22.06.07) ғояҳои тарғиб намудани маънавият ва маърифат дар байни ҷамоат ва бедор кардани завқи ҷавонон ба илму дониш мавқеи муҳим мебозад. Матни мақолаҳо бо забони сода ва равон навишта шуда, дар онҳо калимаҳо оид ба соҳаҳои маориф ва маданият ба таври васеъ корбаст шудаанд, ки ҷолиби диққат аст: мактаб, дониш, дарс (17.01.08), адабиёт, таълим, тарбия (22.11.07), илм, фан, физика (13.03.08), педагог, синф, муаллима (29.

11.07) ва дигарҳо.
Дар мақолаи Баҳодур Раҳмонов «Таҳдиди «Маданияти оммавӣ» ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи китоби «Маънавияти воло – нерӯи мағлубнопазир» (26.03.09) мавқеъ ва аҳамияти китоби мазкури Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар тарбияи сиёсиву ахлоқии мардум, мазмун ва моҳияти «маданияти оммавӣ» дар он, пеш бурдани ғояҳои бузург, қадрияти олӣ будани маънавияти халқ, талқин намудани мафҳумҳои истиқлоли миллӣ бо забони сода ва фаҳмо баён карда шудааст.
Аҳамияти тарбиявии рӯзнома хеле баланд аст. Масалан, дар мақолаи «Фидоии санъат» (26.03.09) ҳиссаи драматург, режиссёр, мураббии тоифаи олӣ ва шоир Бурҳон Исломов дар соҳаи рушди театр ва мусиқаи Самарқанд, ҳаёти ибратнок ва тарзи зиндагӣ, корҳои шоёни ӯ дар соҳаҳои маданият, маънавият, санъат ва мусиқа, қадр гардидани хизматҳои бузурги ӯ аз ҷониби давлат баён шудааст. Ин барои эҷодкорони ҷавон намунаи ибрат шуда метавонад ва аҳамияти баланди тарбиявӣ дорад.
Забони рӯзномаи «Овози Самарқанд» махсусияти ба худ хос дорад. Дар забони рӯзнома корбасти калимаҳои арабӣ ва русӣ -байналмилалии барои ҳама фаҳмо истеъмол шудааст, ки ҳангоми мутолиаи рӯзнома муштариён онҳоро пурра мефаҳманд.
Дар рӯзнома калимаҳои нав (неологизмҳо) ниҳоят бисёр корбаст гардидаанд: коллеҷ, литсей, кредит, истгоҳ, роҳхат, тадбиркор, (22.06.07), тайёрагоҳ, парванда, рутба, ҷарроҳӣ (13.03.08), тарабгоҳ, партовгоҳ (17.08.07), толор, кӯдакистон (29.11.08), доллар, садо, симо (8.11.07), ширкат, бизнес, довталаб (22.11.07), фирма (17.01.08), террорчӣ, фунт, евро (24.01.08) ва дигарҳо. Онҳо ифодагари мафҳумҳои нави замонавӣ буда, як қисмашон сирф тоҷикӣ буда, ба расмияти адабӣ даромадаанд, қисми дигар аз хазинаи вожаҳои байналмилалӣ ворид гаштаанд.
Дар рӯзнома калимаҳои русӣ аз рӯи зарурат истифода шудаанд. Калимаҳои мазкур бисёртар дар жанрҳои хабар, мақола, интервю (мусоҳиба) ба чашм мерасанд: госпитал, фронт (17.08.07), самолёт, сейф (13.03.08), радио, телевидения, журналист (22.06.07), завод, автобус, консерт, мошин (22.11.07) ва дигарҳо.
Масалан: «Сардори гарнизони ҳарбии Самарқанд… маърӯза кард». (17.01.08).
Дар забони рӯзнома калимаҳои арабӣ ҳам фаровон истифода шудааст. Аксарияти онҳо дар таркиби забони тоҷикӣ оммавӣ шудаанд: тарғиб, муштарӣ, мухбир, муассиса, ташвиқот (22.06.07), мусолиҳа, мурофиа (13.03.08), наҳр, муттаҳид, муштарак, мутаассир, мафтун, маҳфуз (17.08.07), мушовир, мукааб (24.01.08) ва дигарҳо. Чунончи:
«Самарқанди куҳан, пеш аз ҳама, бо ёдгориҳои беназири худ… касро мутаассир ва мафтун мекунад (17.08.07)».
Дар рӯзнома дар корбасти калимаҳо вариантнокиро дидан мумкин аст. Масалан, поликлиника – муолиҷагоҳ, хома – қалам (22.06.07), муаллим – омӯзгор – мураббӣ – устод, сурат – акс, (17.08.07), бемор – мариз, шифохона – беморхона (8.11.07) ва дигарҳо.
Дар забони рӯзнома як қатор калимаҳо бо мувозаҳои худ баробар истеъмол меёбанд: газета – рỹзнома, (22.06.07), байтор – ветеринар, мумфарш – асфалт (13.03.08), тайёрагоҳ – аэропорт (17.08.07), паспорт – шиноснома (8.11.07), ҳавопаймо – самолёт, чархбол – вертолёт (22.11.07), донишгоҳ – университет (24.01.08) ва дигарҳо.
Мутаассифона дар баъзе матнҳо хатоҳои чопӣ мушоҳида мешаванд.
Забон ва тарзи баёни рӯзномаи «Овози Самарқанд» сода буда, бо корбасти калимаҳои умумистеъмолӣ ба омма фаҳмо аст. Рӯзнома барои тоҷикони вилояти Самарқанд ба сифати манбаи муҳими хабаррасонӣ ва тарғибот ба ҳисоб меравад. Матолибе, ки дар рӯзнома дарҷ гардидаанд, аҳамияти маънавӣ-­маърифӣ ва тарбиявии баланд дошта, дар онҳо тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, дӯстию ҳамҷиҳатӣ ҳам бараъло намоён мешаванд.

Ғайрат РАҲИМҚУЛОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои филология.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ