Мадрасаи Нодир Девонбегӣ дар давоми даҳ сол таъмир шудааст

Маълум аст, ки қисми асосии мероси меъмории Осиёи Марказиро бино ва иншоотҳои асрҳои миёна ва биноҳои истиқоматии асрҳои 19-20 ташкил менамояд. Дар давраи шӯро кам будани эътибор нисбат ба ин биноҳои таърихӣ боиси валангор гардидани аксарияти онҳо шуд. Устоҳои моҳир илму ҳунари худро ба насли наврас наомӯхтанд ва дар натиҷа, якчанд намуди санъат рӯ ба нестӣ овард.
Яке аз инсонҳои фидоӣ, меҳнатдӯст, босадоқат ва устои санъати ёдгориҳои меъмории шаҳри Самарқанд Абдуғаффор Ҳаққулов буд, ки қариб ним асри умри худро ба таъмири ёдгориҳои меъморӣ, кошинкорӣ ва муҳандисӣ сарф намуд. Бо санъати бебаҳои ӯ, аз хоки оддӣ олами зебои гулҳои заррин ва мушкин, гулнорӣ, гулбандӣ, нилуфарӣ, нақшҳои деворӣ офарида шудааст.
Абдуғаффор Ҳаққулов ғайр аз устои калони таъмири ёдгориҳо будан, асарҳо доир ба омӯхтани санъати ноёб ва мероси маданӣ офаридааст, ки қисми ками онҳо то мо омада расидааст.
Соли 2001 қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифз намудани объектҳои маданию моддӣ ва истифодабарии онҳо» қабул гардида буд. Барои таъмиру тармими биноҳои таърихии Ӯзбекистон, солҳои охир дар таъмир ва қад афрохтани ёдгориҳои меъмории шаҳри Самарқанд ҳиссаи устоҳои машҳур калон аст. Бо роҳбарии меъмор, сохтмончӣ Абдуқодир Қозиев соҳибилмони ҳақиқии санъати меъмории миллӣ Ширин Муродов, Юсуфалӣ Мусаев, Болта Ҷӯраев, Ҷалол Ҷӯраев, Қулӣ Ҷалилов ва устоҳои таҷрибадори таъмиргар ва меъмор Шамсиддин Ғафуров, Акрам Умаров, Ота Полвонов, Мирҳамид Юнусов, Тошпӯлод Арслонқулов ва дигарон барои нигоҳ дош­тани мероси маданӣ меҳнати зиёд кардаанд.
Мадрасаи Нодир Девонбегӣ бо роҳбарии Абдуғаффор Ҳаққулов дар давоми даҳ сол аз дигар таъмир карда шудааст.

Гулшода СИРОҶЕВА,
гид-­экскурсоводи ансамбли Регистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ