Коронавирус бештар ба киҳо сироят мекунад?

Мутобиқи ақидаи олимони аврупоӣ сабук ё вазнин гузаштани бемории коронавирус дар инсон ба гурӯҳи хун ва хусусиятҳои ирсии вай вобаста аст.
Дар таҳқиқоти дар «The New Englad Journal of Medicine» чопгардида зикр мегардад, ки эҳтимоли гирифтории инсонҳои гурӯҳи хунашон А ба коронавирус бештар аст ва дар онҳо ин маризӣ вазнин мегузарад.
Доктори олмонӣ Андре Франке ва таҳқиқгарони шифохонаи Донишгоҳи Осло таҳти сарварии Том Карслон ҳангоми ба зинаи баландтарин баромадани коронавирус дар Европа бо мақсади дарёфти одамоне, ки бемориро вазнин мегузаронанд, гени беш аз 4000 нафарро омӯхтанд.
Дар натиҷа аён гардид, ки бемории коронавирус дар сироятёфтагони маҷмӯи гегашон гуногун вазнин мегузарад. Инчунин, сатҳи хатарнокии коронавирус дар одамони гурӯҳи хунашон А нисбат ба дигар гурӯҳҳои хун 45 фоиз зиёд мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ