21-уми июн — Рӯзи байналмилалии йога

ЙОГА БА ЧӢ ҚОДИР АСТ?**

Дар ҷаҳон машғулияте, ки дӯстдорони зиёд пайдо кардааст, машқи йога мебошад. Мақсади он ноил шудан ба таъодул ва иттиҳод байни олами ботинӣ ва ҷисмонии инсон аст. Бо нафаси оромбахш ва азхудкунии фаъолияти мушакҳои бадан тавассути зиёд кардани қобилияти ҳискунӣ шахс метавонад бадани худро идора кунад ва аз ҳама муҳим тавозуни равониро нигоҳ дорад.
Дар бисёр кишварҳои пешрафта барои такмили неруи зеҳнӣ ва ҷисмии инсон ҷамъиятҳои фарҳангии йогӣ ва бахшҳои йогатерапия таъсис ёфтаанд. Йогатерапия барои рафъи хастагӣ, табобати бемориҳои равонӣ ва узвҳои дарунӣ ниҳоят муфид аст. Ҳаракатҳои орому пуртаъсир гардиши хунро беҳтар мегардонад, рӯй, пӯст ва баданро неруи тоза мебахшад. Маҳз ба ин хотир бештар бонувон ин машғулиятро ба худ касб кардаанд. Иҷрои мунтазами машқҳо бонувонро аз фарбеҳшавӣ низ эмин нигоҳ медорад.
Феълан барои солимии ҷомеа кишварҳои тараққикарда йогаро ҳамчун системаи ҳатмӣ дар барномаҳои таълимӣ ва тарбияи ҷисмонии неруҳои ҳарбӣ, пиёдагардони баҳрӣ ва ҳавонавардон ворид намудаанд, масалан, дар артиши Амрико таҷрибаи йогаро дар машқҳои пагоҳирӯзӣ самаранок истифода мебаранд.
Агар ба таърих назар афканем, йога дар Ҳиндустон тақрибан 5 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст. Вале археологҳо бар он ақидаанд, ки йога на танҳо дар ин кишвар, балки миёни тамаддунҳои қадимаи лотиноамрикоӣ низ маъмул будааст.
О. ГУЛБЕРДИЕВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ