Рӯзи 21-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи 21-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи байналмилалии йога.

Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг.

Дар Русия — Рӯзи кинологҳо.

Дар Дания ва Гренландия — Рӯзи миллӣ.

Соли 1804 химики англис Смитсон Теннант ҳисоботи ду фулузоти навро бо номи иридия ва осмия дар назди  Ҷамъияти шоҳигарии Британияи Кабир муаррифӣ намуд.

Соли 1907 Агентии иттилоотии Америка Юнайтед Пресс Интернэшнл (ЮПИ) таъсис ёфт.

Соли 1942 дар Исроил гармтарин рӯз ба қайд гирифта шудааст: он рӯз ҳарорати ҳаво  +53,9°С-ро ташкил дод.

Соли 1948 дар Донишгоҳи Манчестер аввалин барномаи компютерӣ санҷида шуд.

Соли 1970  Бразилия  маротибаи сеюм чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Бразилиягиҳо дар мусобиқаи финалӣ дастаи Италияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Соли 2003 дар натиҷаи таркиши қубури нафт дар Нигерия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ