Сӯхтори шадиди ҷангалзорҳо дар Канада


Дар вилояти шарқии Канада – Квебек сӯхтори шадиди ҷангалзорҳо идома дорад. Дар ин бора СВС хабар додааст.
То ба ҳол сӯхтор ҳудуди 58 ҳазор ҳектор ҷангалро фаро гирифтааст. Сӯхтор ҳоло ба обанбори Пипмуакан наздик мешавад. Дар атрофи обанбор мардум зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо нерӯгоҳи обӣ ҷойгир аст, ки 85 ҳазор нафар сокини минтақаи Лак-Сен-Ҷанро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.
20 июня, Минск /Корр. БЕЛТА/. Крупный лесной пожар бушует в восточной канадской провинции Квебек. Об этом сообщил телеканал CBC.
Ҳанӯз дар бораи осебдидагон хабаре дода нашудааст.
Оташнишонон бо хомӯш кардани оташ машғуланд. Вале, ҳавои хушку гарм ба паҳншавии сӯхтор кумак медиҳад ва кори оташнишононро душвортар мекунад.
Манбаъ: belta.by

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ