Президенти Туркманистон чаро ба 75-солагии Рӯзи Ғалаба намеравад? Сабабаш аён гардид

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, наметавонад дар таҷлили 75-солагии Рӯзи Пирӯзӣ, ки 24 июн дар Маскав дар назар аст, ширкат кунад. Дар ин бора рнашриёти «Туркменистан. Золотой век» менависад.
Дар суҳбат бо президенти Русия Владимир Путин кишвардори Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сабаби сафар накарданашро фаҳмонд.
Сабабаш ба синни — 63-солагӣ, маъруф ба синни пайғомбарӣ расидани Қурбонгулӣ мебошад. Бердимуҳаммадов рӯзи 29 июн зодрӯз дорад ва мувофиқи анъанаҳои миллӣ ин санаро бояд дар иҳотаи аҳли хонавода ва халқ пешвоз гирад.
Мувофиқи қоидаҳои қарантинӣ, ҳар нафаре, ки аз хориҷ ба кишвар ворид мешавад, 14 рӯз танҳонишинӣ мекунад ва Бердимуҳаммадов дар чунин сурат наметавонист пас аз бозгашт аз Маскав зодрӯзашро бо аҳли оила таҷлил кунад.
Ба ҷои президент ба Маскав ҳайати баландпояи Туркманистон бо раҳбарии вазири дифоъ, генерал-майор — Бегенч Гундогдиев сафар хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ