Мавиз яке аз маҳсулоти асосии экспортшавандаи Самарқанд мебошад

Мавиз яке аз маҳсулоти асосии экспортшавандаи Самарқанд мебошад

Дар бозори ҷаҳонӣ меваҳои хушки Ӯзбекистон харидорони худро ёфтааст. Сифати мавизи мо бо хуштаъмии худ писанди харидорон шудааст. Дар моҳҳои тобистон навъҳои гуногуни мавизбоби ангурро мавиз мекунанд. Имрӯзҳо лар ҳудуди мамлакатамон аз ҷониби иштирокдорони Фаъолияти иқтисодии беруна мавиз экспорт мегардад. Дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ аз Самарқанд беш аз 13 ҳазор тонна мавиз ба миқдори 16 миллион доллари ИМА экспорт шуд. Мавизи Самарқанд асосан ба мамлакатҳои АМА, Туркия, Эрон ва Афғонистон экспорт мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ