Ҳиндустон низ сарбозони асири чиниро озод кард

Ҳиндустон низ сарбозони асири чиниро озод кард
  • Post category:Ҷаҳон


Пас аз он, ки ҳукумати Чин низомиёни асири ҳиндро, ки дар пайи даргириҳо дар Ладакх боздошт шуда буданд, озод кард, Ҳиндустон низ сарбозони асири чиниро раҳо кард.
Дар ин бора Виҷай Кумар Сингх, вазири давлатии ҳамлу нақли Ҳиндустон, ки қаблан раиси ситоди нерӯҳои заминӣ буд, дар як барномаи телевизиони News24 маълум кард.
Сингх гуфт, ин иқдоми Ҳиндустон вокуниш (реаксия) ба озод шудани низомиёни ҳинд дар Чин буд.
Ӯ бар ин бовараст, ки агар дар ин даргирӣ 20 тан сарбози Ҳиндустон қурбон шуда бошанд, пас талафоти Чин ду баробар бештар аст. Дар зимн, Сингх ба гуфтаҳои худ ягон далел наовард ва фақат афзуд, ки ин маълумотҳо набояд барои ҳама ошкор гардад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми даргирӣ бархе аз низомиёни ҳинд ба қаламрави Чин ворид шуданд, ва бархе сарбозони чинӣ ҳам аз марзи Ҳиндустон убур карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ