Созмони Милали Муттаҳид: шумори оворагон  дар ҷаҳон ба 80 миллион нафар расид

Ба гузориши торнамои Созмони Милали Муттаҳид, комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) дар тозатарин гузориши худ, ки рӯзи панҷшанбе мунашир кард, бо эъломи омори ҷадиди оворагони ҷаҳон афзуд, ки ин омор нишон медиҳад, ки аз ҳар 97 нафар дар кураи замин, як нафар маҷбур ба оворагӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Партудей”. 
Ин гузориш нишон дод, ки фақат дар соли 2019, 8 миллиону 70 ҳазор нафар ба шумори оворагони ҷадид афзуда шудааст.
Афзоиши шумори оворагони ҷаҳон дар ҳоле аст, ки Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милаи Муттаҳид дар остонаи рӯзи ҷаҳонии оворагон, аз бетафовутии бархе кишварҳо дар қиболи муҳоҷирон ва оворагон ибрози таассуф кардааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш СММ шумори оворагони ҷанг дар Афғонистон дар соли 2019-ро беш аз 370 ҳазор нафар эълом кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ