Путин дар бораи эҳтимоли иштирокаш дар интихоботи раисҷумҳурии 2024 ҳарф зад


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия эҳтимоли иштирокаш дар интихобботи раисҷумҳурии 2024-ро рад накард.
Дар сурате, ки ба сарқонуни Русия тағйирот дохил карда мешавад, ӯ дар интихоботи соли 2024 иштирок хоҳад кард. Дар ин бора худи ӯ дар мусоҳибаи телевизиони “Россия 1” маълум кард.
Ӯ гуфт, “Ман ин имконро рад намекунам. Агар дар сарқонун ин – имкони иштирок дар интихобот сабт мешавад. Хоҳем дид. Баъд рӯшан мегардад”.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси сарқонуни феълии Русия як нафар наметавонад беш аз ду бор паиҳам раисҷумҳури кишвар интихоб гардад. Путин солҳои 2000-2004 ва 2004-2008 раисҷумҳури Русия интихоб шуд. Солҳои 2008-2012 Дмитрий Медведев ба сари қудрат омад. Баъди ӯ боз Путин дар интихоботи соли 2012 ва соли 2018 паиҳам ду бор раисҷумҳур интихоб шуд (Дар ин миён муддати раисҷумҳурӣ аз 4 сол то 6 сол иваз шуд).
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ