Ноҳияи Ӯрта Чирчиқ ба минтақаи «сурх» табдил гардид

Ноҳияи Ӯрта Чирчиқ ба минтақаи «сурх» табдил гардид

Рӯзи 20-уми июни соли ҷорӣ ноҳияи Ӯрта Чирчиқи вилояти Тошканд минтақаи «сурх» эълон гардид. Дар 5 нафар сокини ноҳия, ки дар коргоҳи винопазии ноҳияи Бектемир кор мекунанд, инфексияи корнавирус аниқ карда шудааст. Ҳоло аъзоёни оилаҳои онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. Дар ноҳия 4 кӯчаи дохилиро маҳкам кардаанд. Дар ин кӯчаҳо ҳаракат қатъ гардидааст. Ба ғайр аз ин, дар роҳрав ва ҷойҳои ба чашм намоён аломатҳои «минтақаи «сурх» гузошта шудааст. Дар ноҳия ба таври мунтазам корҳои дезинфексиякунонӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ