Ӯзбекистон мехоҳад ширкати “Соса-Cola”-ро хусусӣ гардонад


Ҳукумати Ӯзбекистон хусусисозии ширкати Coca-Сola Ichimligi Uzbekiston-ро барномарезӣ мекунад. Дар ин бора маркази матбуъотии оҷонси идораи мулкҳои давлатии Ӯзбекистон хабар дод.
Оҷонс мехоҳад, ки намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявиро ба ин муъомилоти кушод даъват кунад. Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 3 корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои Coca-Сola фаъолият доранд ва онҳо дар Тошканд, Намангон ва Урганч ҷойгир ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки 57,12 дарсади саҳмияҳои Coca-Сola Ichimligi Uzbekiston ба ширкати давлатии “Ӯзбекозиқовқатхолдинг” ва боқӣ ба The Coca-Cola Export Corporation таъаллуқ дорад.
Манбаъ: spot.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ