Шавкат Мирзиёев ба собиқ Президенти Қазоқистон саломатӣ ва кучу қувват таманно кард


Рӯзи 22- юми июн Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора, хизмати матбуоти Шавкат Мирзиёев хабар медиҳад.
Дар оғози сӯҳбат Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нурсултон Назарбоев сиҳатӣ, саломатии комил ва қувватро таманно кард.
Ҷонибҳо тадбирҳои андешидаи ҳукуматҳои ҳарду кишварро дар бобати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, инчунин коҳиш додани таъсири манфии пандемия ба муносибатҳои босуръат ривоҷёбандаи дуҷониба ва иқтисодиёти Ӯзбекистону Қазоқистонро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки минбаъд низ ҳамоҳангсозии кӯшишҳоро дар ин самт мустаҳкам мегардад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки ба принсипҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарики стратегӣ асос ёфтаанд, густариш меёбанд. Инчунин, лоиҳаҳои муштарак татбиқ карда мешаванд. Ғайр аз ин, «Харитаи роҳ» оид ба таҳкими кооператсияи саноатӣ, ки татбиқи зиёда аз даҳ лоиҳаҳои навро пешбинӣ мекунад, тасдиқ карда шуд.
Онҳо инчунин дар бораи мулоқотҳо ва нақшаҳои оянда мубодилаи афкор намуданд.

Дар поёни гуфтушунид роҳбарони ду кишвар ба халқҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва фаровонӣ таманно карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ