Дар шаҳри Самарқанд размоиши серӯзаи низомиён баргузор мешавад


Рӯзҳои 23-25 июн дар шаҳри Самарқанд размоиши нерӯҳои мусаллаҳи вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва гурдонҳои (баталион) ҳавзаи марказии низомии кишвар баргузор мешавад. Дар ин бора маркази матбуъотии шӯъбаи корҳои дохилии вилоят хабар дод.
Шӯъбаи корҳои дохилии вилоят аз мардум дархост мекунад, ки аз ин размоиш ба ваҳм наафтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хабарҳои беасос паҳн накунанд.
Дар бораи раванду мақсади размоиш хабар хоҳем дод.
Манбаъ: Kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ