Испания марзҳои худро боз кард ва мунтазири сайёҳон аст

Испания марзҳои худро боз кард ва мунтазири сайёҳон аст


Испания шаби якшанбе марзҳои замини худро ба рӯи Фаронса боз кард, бандарҳову фурӯдгоҳҳои подшоҳӣ қабули сайёҳон аз ҳар гӯшаи Аврупоро оғоз карданд. Аз ин ба баъд аврупоиҳо, ҳатто бритониёҳо, ки ба Испания мераванд, дар карантин нигоҳ дошта намешаванд. Худи мардуми Испания метавонанд дар сартосари кишварашон озодона ҳаракат кунанд.
Дар нахустин рӯзи баъди бозшавии марзҳо соҳилҳои машҳури ҷазираҳои Балеар, Кала-Ратяда ҳанӯз холӣ аз сайёҳон буд. Тадбиркорони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки сайёҳон онҳоро зиёд мунтазир намекунанд ва ҳанӯз барои “наҷот”-и мавсим умед ҳаст.
Дар зимн, Фаронса ҳанӯз рӯзи 15 ба вуруди озодонаи шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ба қаламраваш иҷозат дода буд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ