Дар як шабонарӯз дар Афғонистон 12 нафар қурбони коронавирус шуданд


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон 12 тан мубталои COVID-19 вафот карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Тулӯъ Нюз ба нақл аз вазорати тандурустии кишвар хабар дод.
Бар асоси додаҳои вазорат, шумори кулли қурбониёни коронавирус то ба имрӯз ба 598 тан расидааст.
Дар зимн, дар 24 соати гузашта дар Афғонистон 310 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд ва шумори куллӣ мубталоён ба 29 143 тан расид.
Ҳамчунин, то ба ҳол 8 841 тан шаҳрванди Афғонистон ин бемориро паси сар карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ