Дар маркази карантини вилояти Тошканд мардеро овезон пайдо карданд

Дар маркази карантини вилояти Тошканд мардеро овезон пайдо карданд


Дар маҷмӯаи карантини ноҳияи Юқоричирчиқи вилояти Тошканд мардеро дар ҳоли овезон пайдо карданд. Додситонӣ (прокуратура) ин ҳодисаро тафтиш мекунад.
Бино ба хабари додситонии кулли Ӯзбекистон, ҷасади марди фарғонагӣ рӯзи 20 июн пайдо шуд.
Ҳанӯз ҷузъиёти ин ҳодиса расонаӣ маълум нест. Танҳо маълум аст, ки ӯ барои таҳлил (анализ) омада буд. Вале ҳанӯз натиҷаи тестро нафаҳмида буд.
Додситонии ноҳияи Юқоричирчиқ тафтишро идома медиҳад.
Манбаъ: gazeta.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ