Хоразм пештар аз дигар вилоятҳо барномаи ғалласупориро иҷро кард


Хоразм дар миёни вилоятҳо барномаи ғалласупориро нахустин иҷро кард.
Соли ҷорӣ дар вилояти Хоразм дар майдони 33,2 ҳазор ҳектор ғалла кишт шуд.
Қобили зикр аст, ки кишоварзон барномаро барзиёд, яъне 102,9 дарсад иҷро карданд. Дар аввал супурдани 84,4 ҳазор тонна ғалла барномарезӣ шуда буд, вале кишоварзон дар амал бештар – 86,8 ҳазор тонна ғалларо ба давлат супурданд.
Имсол дар сартосари Ӯзбекистон дар майдони 1,8 миллион ҳектор ғалла кишта шуд. Майдони кишти пахта 1,3 миллион ҳектор аст. Кулли киштзорҳои кишвар баробар бо 4,3 миллион ҳектор аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ