Дар давлати африқоӣ таҳсил аз тариқи радио идома меёбад


Ҳукумати Уганда бо таваҷҷӯҳ ба паҳншавии коронавирус ба мардуми кишвар барномаҳои омӯзиширо аз тариқи шабакаҳои радиоӣ пахш мекунад. Дар ин бора Йовери Мусевени, раисҷумҳури Уганда дар паёми телевизионии худ эълон кард.
Мусевени гуфт, ки ӯ мехост барномаҳои омӯзишӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш шавад, вале баъзе хонаводагон телевизор надоранд. Ба ин далел, радио барои пахши барномаҳои омӯзишӣ интихоб шуд. Ҳамчунин, ҳукумат хонаводагонеро, ки радио надоранд, бепул бо он таъмин хоҳад кард. Илова бар ин, мардум бо китоб ва дигар матолиби омӯзишӣ таъмин мегарданд, ки ин ҳам бепул аст.
Чанде пеш, раисҷумҳури Уганда эълон карда буд, ки маҳдудияти карантинӣ дар кишвар идома хоҳад ёфт. Бино ба додаҳои охирин, дар ин кишвар 774 нафар гирифтори коронавирус шудаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ