Bloomberg: Кормандони Google қатъ кардани ҳамкорӣ бо пулисро мехоҳанд


Кормандони ширкати амрикоии Google бо навистани як паём ба раиси худ – Сундар Пичаи аз ӯ дархост карданд, ки фурӯши фанновариҳоро (инноватсия) ба пулис қатъ гардонад ва бо ин роҳ ҳамбастагии худро ба мубориза зидди нобаробарии нажодӣ таъкид кунад. Дар ин бора Блумберг хабар додааст.
Кормандон чунин мешуморанд, ки робита бо пулис ба сиёсати ширкати Alphabet (соҳиб Google) ки зидди нажодпарастӣ ва истибдоди пулис аст, созгор нест. Дар паём аз ҷумла, гуфта мешавад, “Мо набояд вориди як бизнес шавем, ки аз нажодпарастии пулис даромад касб мекунад”.
Ин паёмро 1,6 ҳазор нафар имзо карданд.
Баъди ин паём ширкат баёнияи худро эълон кард, ки дар он иҷрои дархости кормандон рад карда мешавад. Дар баёния гуфта мешавад – “Чандин сол аст, ки истифодаи хидматрасониҳои мо мисли Gmail, G Suite ва Google Cloud Platform шартҳои худро доранд ва ин маҳсулоти мо низ барои истифодаи ҳукумат ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, шӯъбаҳои пулис дастрас боқӣ хоҳад монд”.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки ширкат дар мубориза бар зидди нажодпарастӣ иштироки худро идома хоҳад дод.
В заявлении подчеркивается, что корпорация продолжит участвовать в борьбе с системным расизмом.
Манбаъ: ТАСС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ