Ўзбекистон дар 5 моҳ ба арзиши 1,64 миллиард доллар тилло фурӯхт


Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба арзиши 1,64 миллиард доллар тилло фурӯхт. Ҳаҷми фурӯши тилло баробар бо 31,9 дарсади содирот буд. Дар ин бора кумитаи омори (статистика) давлатӣ хабар медиҳад.
Дар ин муддат содироти тилло дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузазшта 33,3 дарсад афзоиш ёфт.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекитон солҳои охир содироти тиллоро хеле афзоиш дод. Барои муқоиса, соли 2015 ҳаҷми фурӯши тилло баробар бо 823,9 миллион доллар буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ