Дар Самарқанд форуми ҳуқуқи башар баргузор мегардад


Бар асоси фармони “Дар бораи тасдиқ кардани стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати ҳуқуқи башар”, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишвар имзо кард, нишони “Барои ҳимояи ҳуқуқи башар” таъсис мегардад. Ҳар сол дар рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар ба нафароне, ки дар заминаи ҳимояи ҳуқуқи башар ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқи башар корҳои назаррасро анҷом медиҳанд, ин нишон супурда мешавад.
Ҳамчунин, дар ҳар ду сол як бор дар Самарқанд форуми ҳуқуқи башар баргузор мегардад. Дар ин форум намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ, коршиносони кишварҳои хориҷа ва меҳмонони ифтихорӣ ширкат хоҳанд кард.
Нахустин бор ин форум соли ҷорӣ баргузор мешавад. Девони Вазирон масъули иҷрои тадбирҳои марбут ба баргузор кардани ин тадбир дар Самарқанд мебошад.
Маркази миллии ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд дар муддати як моҳ консепсияи форуми ҳуқуқи башари Самарқанд ва муқаррароти баргузории онро таҳия кунад ва ба Девони Вазирон тақдим кунад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ