COVID-19: тақрибан 5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд

Ба ҳолати 23 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,1 миллион шуда, зиёда аз 474 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва тақрибан 5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 138 975 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 880 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 192 751 буда, теъдоди фавтидагон 474 445 мебошад.
Ҳамзамон аз лаҳзаи хуруҷи пандемия то имрӯз 4 939 422 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ