ИМА то поёни сол муҳоҷирони корӣ ва ғолибони грин-картаро қабул намекунад

ИМА то поёни сол муҳоҷирони корӣ ва ғолибони грин-картаро қабул намекунад
  • Post category:Ҷаҳон


ИМА то поёни соли ҷорӣ ба хориҷиён раводиди (виза) корӣ ва грин-карта тақдим нахоҳад кард. Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА ин қарорро имзо кард. Дар баёнияи Кохи Сафед гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин иқдом пуштибонии коргарони амрикоӣ дар шароити барқарорсозии иқтисод баъди карантин мебошад. Дар зимн, эҳтимоли соли оянда идома ёфтани ин маҳдудият низ вуҷуд дорад.
На кормандони мавсимии ҷангал ва на мутахассисони болодараҷаи замина илму техника метавонанд дар ин муддат раводиди кории ИМА-ро дарёфт кунанд.
Бархе аз созмонҳо ва тадбиркорон ин қарори Трампро интиқод карданд. Илон Маск, раиси SpaceX ва раҳбарони ширкати Твиттер аз ин ҷумла мебошанд. Онҳо ба гуфтаҳои Трамп, ки бо таваққуфи додани раводид ба беш аз ним миллион амрикоӣ ҷойи корӣ пайдо мешавад, бо шубҳа менигаранд.
Комиссияи Аврупо низ нигаронии худро изҳор мекунад. Чун ҳудуди 10 ҳазор нафар авпупоӣ, ки дар ИМА зиндагӣ ва кор мекунанд, ба далели коронавирус натавонистанд ба Амрико баргарданд. Ин маҳдудияти нави ИМА вазъиятро боз душвортар мекунад.
Манбаъ: ru.еuronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ