Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба ҳабси 11 сол маҳкум шуд


Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон ба муддати 11 сол ҳабс шуд.
Додгоҳи (суд) ноҳияи 1-уми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 23 июн баррасии парвандаи ҷиноии Атамбоевро ба поён расонд. Парвандаи ҷиноӣ зидди Атамбоев ба далели ғайриқонунӣ озод шудани Азиз Батукаев боз шуда буд. Батукаев чеҳраи шинохтаи олами ҷиноӣ дар Қирғизистон мебошад.
Додгоҳ Атамбоевро ба ҷурми фасод (коррупсия) гунаҳкор эътироф кард ва ба ҳабси 11 солу 2 моҳ маҳкум кард. Ҳамчунин, мулки Атамбоев мусодира мегардад ва ӯ аз ҷоизаҳои давлатие, ки қаблан дарёфт кардааст, маҳрум мешавад.
Дороии Атамбоев 5-то автомобил, хонаҳои истиқоматӣ дар вилоятҳо Чуй ва Иссиқкӯл, 10-то қитъаи замин ва чандто ширкат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки додситонӣ (прокуратура) барои Атамбоев 15 соли ҳабс ва мусодираи мулкашро талаб карда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ