Хазинаи глобалии экологӣ ба Ӯзбекистон 6,75 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Хазинаи глобалии экологӣ ба Ӯзбекистон 6,75 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ дар байни раиси Кумитаи давлатии экология Шавкат Абдураззоқов ва координатори минтақавии Ташкилоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи Осиёи марказӣ Виорел Гуту онлайн-мулоқот шуда гузашт. Дар давоми мулоқот аз ҷониби Хазинаи глобалии экологӣ барои Ӯзбекистон маъқул шудани лоиҳаи ба 6,75 миллион доллар баробари «Барқарор идора намудани ресурсҳои табиӣ, аз замин самаранок истифода бурдан ва барқарор кардани экосохтори деградатсияшуда» маълум карда шуд. Лоиҳаи мазкур лоиҳаи аввалин дар байни кумита ва ташкилоти СММ буда, дар доираи он амалигардонии тадбирҳои аз замини Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилоятҳои Хоразм ва Қашқадарё босамар истифода намудан, барқарор намудани экосохторҳои деградатсияшуда ва ғайра муайян гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ