Аз 1 июл бе литсензия ба фаъолияти ноширӣ иҷоза дода мешавад


Девони Вазирон низомҳои тартиби хабар додан аз оғози фаъолияти ноширӣ ва матбаа ба ниҳоди масъули давлатиро тасдиқ кард.
Бар асоси он, аз 1 июли соли ҷорӣ барои фаъолияти нашриёту чопхонаҳо муҷаввиз (литсензия) ва рухсатнома шарт нест. Ҳамин кофӣ аст, ки тадбиркор баъди оғози фаъолияти ноширӣ дар муддати 10 рӯз тавассути марказҳои хидматрасониҳои давлатӣ ба Оҷонси ахборот ва иртибототи оммавӣ (АОКА) хабарнома фиристад.
Баъди 1 рӯзи корие, ки хабарнома фиристода шуд, тадбиркор дар тасдиқномаро дар шакли электроникӣ дарёфт хоҳад кард.
Ҳамзамон, талаботи қонунии мавҷуд дар заминаи ноширӣ ва матбаъа аз ин ба баъд низ дар амал хоҳад буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ