Дар Қазоқистон ба 343 нафар муборизони ҳақиқӣ бар зидди COVID-19 ордени навтаъсиси «Миннатдории мардум» (“Халық Алғысы”) супурда шуд

Бино ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Қосим Жомарт Тоқаев гуфтааст, муҷассамаи ёдгорӣ пас аз ғалаба бар коронавирус гузошта хоҳад шуд.
“Ҳаминки ба ин беморӣ ғолиб омадем, дар пойтахт бояд ёдгорӣ ба ифтихри мардонагии шаҳрвандон барои мубориза бо коронавирус гузошт. Ба ҳамаи шаҳрвандони Қазоқистон шукуфоӣ таманно дорам. Мо бешубҳа ғалаба хоҳем кард, зеро мо якдилем”, — таъкид кардааст сарвари давлат.
Номбурда ҳамчунин бо арзи сипос ба муборизони ҳақиқӣ бар зидди COVID-19 ба 343 нафар ордени «Миннатдории мардум» (“Халық Алғысы”)-ро супоридааст.
Ӯ гуфтааст, ман боварӣ дорам, ки ҷоизаи нави давлатӣ ба ватандӯстони ҳақиқии кишвар тақдим карда мешавад.
Ёдовар мешавем ордени «Миннатдории мардум» (“Халық Алғысы”) барои муборизони зидди COVID-19 моҳи май таъсис дода шуда, имрӯз нахустин маротиба ба сазоворони он супорида шуд.
Ёдовар мешавем ҷоиза барои муборизони зидди коронавирус бо туҳфаҳои пулӣ низ дар Ӯзбекистон таъсис дода шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ