Аъзои ҳукумати Қирғизистон барои ниқоби тиббӣ надоштан ҷарима шуданд


Аъзои ҳукумати Қирғизистон, аз ҷумла, сарвазири нав – Қубатбек Боронов дар як маросими расмӣ ниқоби тиббӣ надоштанд ва ин боиси ҷаримаи онҳо шуд.
Аъзои ҳукумат рӯзи 18 июн дар назди бинои ҳукумат гирифтанд. Ҳангоми аксбардорӣ касе ба фосилаи иҷтимоъӣ риъоят накардааст ва илова бар ин, аз миёни 124 нафар узви ҳукумат танҳо 2 нафари онҳо ниқоби тиббӣ доштанд.
Маркази давлатии назорати эпидемиологии Бишкек ба ин далел онҳоро ҷарима кард. Аз ҷумла, Қубатбек Боронов ва Муҳаммадкалий Абилгазиев, сарвазирони феълӣ ва собиқ ҳар кадом 67 долларӣ ҷарима шуданд.
Чанде пеш сарвазир бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳодиса бахшиш пурсида ва ваъда дода буд, ки кормандони оддии ҳукумат барои риъоят накардан ба қоидаҳои санитарӣ муҷозот намешаванд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ