Шахсони номаълум дар Екатеринбург ба сӯи трамвай тирандозӣ карданд


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия шахсони номаълум ба сӯи як трамвай чанд бор тир холӣ карданд, дар натиҷа як бону захмӣ шуд.
Дар ин бора хабаргузории Новости ба нақл аз маркази матбуъотии шӯъбаи корҳои дохилии Екатеринбург хабар дод.
Ҳоло гурӯҳи махсуси пулис ин ҳодисаро бозрасӣ ва арзёбӣ мекунад. Яке аз мусофирон, дар ин ҳодиса захмӣ шуд, вале он аз зарби тир нест. Касе ба бемористон бистарӣ нашудааст.
Бозрасии ин ҳодиса идома дорад.
Манбаъ: Новости

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ