Сарони Ӯзбекистон ва Русия дар Кремл дидор карданд

Сарони Ӯзбекистон ва Русия дар Кремл дидор карданд


Владимир Путин дар оғози дидор ба Шавкат Мирзиёев барои ташриф ба ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба арзи сипос кард.
Тарафҳо да мулоқот саҳми умумии мардуми ду кишвар дар пирӯзӣ бар фашизмро баррасӣ карданд.
Раисҷумҳури Русия ёдовар шуд, ки дар солҳои ҷанг дастикам 2 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҷабҳа (фронт) рафтанд. Ҳамчунин, Ӯзбекистон яке аз кишварҳоишӯравӣ буд, ки аз сартосари шӯравӣ одамонро пазируфт, ширкатҳои бисёри саноъатӣ маҳз ба Ӯзбекистон кӯчида буданд.
Дар мулоқот масоъили имрӯзаи ҳамкории Русия ва Ӯзбекистон низ баррасӣ шуд. Ба гуфтаи Путин, ҳарчанд, ки ду кишвар мустақил дар ҳоли рушд ҳастанд, ҳамзамон робитаҳои стратегикӣ ва шарикӣ низ ҳифз мешаванд ва ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодиву таҳсилотӣ идома доранд.
Дар раванди мулоқот раисҷумҳури Русия дар бораи робитаҳои ошпазии ду кишвар шӯхӣ кард ва Мирзиёевро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват кард.
Манбаъ: uz.sputniknews.ru

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ