Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои ҷудо кардани грантҳои давлатӣ озмун эълон кард

Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои ҷудо кардани грантҳои давлатӣ озмун эълон кард

Ба озмун лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятноки созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул карда мешаванд, ки вазифаҳои зеринро дар бар мегиранд:

  1. Дастгирии фаъолияти СҒҒ ва институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи маънавиву маърифатии ҷавонон нигаронида шудаанд.
  2. Мусоидат ба ҷавонон дар гирифтани донишҳои муосир, ташаккули фарҳанги баланд ва маърифати воқеии он.
  3. Таъмини шуғли ҷавонони дорои маълулият, зиёд кардани манбаи даромади онҳо, фаъолнокии СҒҒ дар рушди васеи корхонаҳои иҷтимоӣ, соҳибкории оилавӣ ва хонаводаҳо.
  4. Тарбияи ҷавонони дорои дониши амиқ, маънавият ва фарҳанги баланд, мутобиқ кардани малакаҳои онҳо ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат.
  5. Тарбияи шахсияти аз ҷиҳати маънавӣ баркамол, баланд бардоштани нерӯи зеҳнии насли наврас, мусоидат ба ташаккули маданияти мутолиа дар байни ҷавонон.
  6. То ба шуури ҷавонон расондани мероси маънавӣ ва маърифатии гузаштагони бузурги мо дар соҳаи ватандӯстӣ, ғояи миллӣ ва пешрафт тавассути мавзӯи «Мутафаккироне, бар зидди ҷаҳолат бо маърифат мубориза бурдаанд».
  7. Рушд ва дастгирии мутолиа дар минтақаҳои биёбон, кӯҳҳо ва марзӣ.
  8. Дар маҳаллаҳо ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои фарҳангӣ ва боғҳои истироҳатӣ, эҷодиёти даҳонакии халқ, гурӯҳҳои фолклорӣ, ҷалби ҷавонон ба онҳо.
  9. Дар қалби шаҳрвандон амиқ реша давондани шиори: «Фарзанди худ, хонаи худ, ватани худро ҳамчун гавҳари чашм муҳофизат кунед!».
  10. Васеъ паҳн намудани тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, инкишофи оммавии варзиш.
  11. Дар маҳалҳо ривоҷ додани намудҳои оммавӣ ва миллии варзиш ва бозиҳои варзишӣ, бо ҷалби ҷавонон ба онҳо, ки малакаҳои ҳосилкардаашонро аз насл ба насл мегузоранд.
  12. Дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон васеъ таблиғ намудани ислоҳоти мавҷуда ва корҳои бузурги созандагӣ дар кишвар.
  13. Васеъ тарғиб намудани асосҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани савияи саводнокии молиявии онҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ҷавон, ки аз хизматрасониҳои молиявӣ истифода мебаранд.
  14. Тарбияи модарони солим, маълумотнок ва маънавиёташон баланд; баланд бардоштани нуфузи оила, намояндагони насли калонсол, занони фаъол, омӯзгорон ва мураббиён дар ба ҳаёти мустақил тайёр кардани онҳо.
  15. Пешгирии барвақти ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, ғанӣ гардондани тафаккур ва қалби онҳо бо мероси бойи гузаштагони бузурги мо ва арзишҳои умумиинсонӣ.
    Барои гирифтани гранти давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
  16. Мактуби ҳамроҳ фиристода шаванда бо имзои роҳбар ва мӯҳри ташкилот.
  17. Дархости лоиҳавӣ барои гирифтани грант дар шакле, ки дар веб-сайти www.fundngo.uz. ҷойгир карда шудааст.
  18. Нусхаи Оинномаи (Низом) СҒҒ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, бо тағйироту иловаҳои охирин.
  19. Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилот.
  20. Агар татбиқи лоиҳа фаъолияти иҷозатномавиро талаб кунад, нусхаи иҷозатнома бояд пешниҳод карда шавад.
  21. Тавсиянома, шафоатномаҳои ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ қобили қабуланд.
    Маблағи барои як лоиҳа ҷудошаванда — то 40 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
    Ҳуҷҷатҳо аз 22 июн то 25 июли соли 2020 қабул карда мешаванд.
    Ҳуҷҷатҳо дар лифофаҳои мӯҳрдор, ки тавассути ҶС «Ӯзбекистон почтаси» (формати A4) ба суроғаи Фонди ҷамъиятии дастгирии СҒҒ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 100035, ш. Тошканд, кӯчаи Бунёдкор, 1 фиристода шудаанд, қабул карда мешаванд.
    Бо шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳо метавонед дар веб-сайти расмии Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис: www.fundngo.uz. шинос шавед.
    Телефонҳо барои маълумот: (0-371) 239-26-76, 239-26-86.

Бунёди ҷамъиятии назди Олий
Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон
дар мавзӯи «Манфиатҳои инсон — аз ҳама волост» барои ҷудо кардани грантҳои давлатӣ оид ба дастгирии фаъолияти ниҳодҳои демократӣ дар таъмини волоияти Қонун ва назорати ҷамъиятӣ озмуни чаҳорумро эълон менамояд
Ба озмун лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятноки созмонҳои ғайридавлатию -ғайритиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул карда мешаванд, ки вазифаҳои зеринро дар бар мегиранд:

  1. Омӯзиш, таҳлил ва ҷамъбасти вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба роҳ мондани шарикии иҷтимоӣ бо мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон.
  2. Таъмини волоияти Конститутсия ва қонун: амиқ ва ҳамаҷониба донистани онҳо, ташкили дурусти татбиқи онҳо ва мусоидат ба иҷрои бечунучаро аз ҷониби аъзои ҷомеа.
  3. Минбаъд баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвари мо аз ҳисоби мусоидат дар татбиқи тамоюли “Адолат — дар волоияти қонун” дар ҷомеа, ташаккули эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа.
  4. Ҷорӣ намудани механизм ва усулҳои самарабахши ташкили мулоқоти кушод бо аҳолӣ, мубориза бо оқибатҳои манфии қонунвайронкунӣ, ташаккули назорати пурқуввати ҷамъиятӣ дар таъмини волоияти қонун.
  5. Тағйир додани симои шаҳру деҳоти мо, дар сатҳи маҳал баррасӣ намудани қарорҳои марбут ба сохтмон ва ободонӣ, гузарондани экспертизаи ҷамъиятӣ.
  6. Пурзӯр гардондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назораткунанда, шӯроҳои ҷамъиятӣ дар бахши молия, кори бонк, таълим, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ, энергетика ва нақлиёт.
  7. Пурзӯр гардондани тамоюлҳои рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ, иҷрои пурраи меъёрҳои конститутсионӣ оид ба озодии сухан, гирифтан ва паҳн кардани иттилоот.
  8. Баланд бардоштани таъсири ҷомеа ба маърифати ҳуқуқӣ, шуур ва фарҳанг, саводнокии ҳуқуқӣ, масъулият ва ӯҳдадории шаҳрвандони мо дар ҷомеа дар асоси андешаи «Шуури ҳуқуқӣ ҳисси масъулиятро инкишоф медиҳад».
  9. Мустаҳкам намудани шарикии иҷтимоӣ дар ташаккули маданияти эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа.
  10. Мусоидат ба саривақт барҳам додани сабабҳои содиркунии қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон.
  11. Ба роҳ мондани ҳамкории зичи иҷтимоии мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори оммавӣ, блогерҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
  12. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил намудани намоишҳои ҷолиб, сериалҳо, филмҳои бадеӣ, намоишҳои театрӣ дар бораи тантанаи адолат, барқароркунии ҳуқуқҳои қонунӣ.
  13. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ офаридани образҳои қаҳрамонони замони мо, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтиром ба шаъну эътибори ҳар як намояндаи ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин мекунад.
    Барои гирифтани гранти давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
  14. Мактуби ҳамроҳ фиристодашаванда бо имзои роҳбар ва мӯҳри ташкилот.
  15. Дархости лоиҳавӣ барои гирифтани грант дар шакле, ки дар веб-сайти www.fundngo.uz. ҷойгир карда шудааст.
  16. Нусхаи Оинномаи (Низом) СҒҒ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, бо тағйироту иловаҳои охирин.
  17. Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилот.
  18. Агар татбиқи лоиҳа фаъолияти иҷозатномавиро талаб кунад, нусхаи иҷозатнома бояд пешниҳод карда шавад.
  19. Тавсиянома, шафоатномаҳои ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ қобили қабуланд.
    Маблағи барои як лоиҳа ҷудошаванда — то 40 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
    Ҳуҷҷатҳо аз 22 июн то 25 июли соли 2020 қабул карда мешаванд.
    Ҳуҷҷатҳо дар лифофаҳои мӯҳрдор, ки тавассути ҶС «Ӯзбекистон почтаси» (формати A4) ба суроғаи Фонди ҷамъиятии дастгирии СҒҒ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 100035, ш. Тошканд, кӯчаи Бунёдкор, 1 фиристода шудаанд, қабул карда мешаванд.
    Бо шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳо метавонед дар веб-сайти расмии Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис: www.fundngo.uz. шинос шавед.
    Телефонҳо барои маълумот: (0-371) 239-26-76, 239-26-86.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ