Ширкати China National Biotec Group (CNBG), ки якбора 2 навъи ваксина бар зидди коронавирус месозад, эълом кард, ки барои баргузории озмоиши ниҳоии ваксина дар Аморати муттаҳидаи Араб иҷозат гирифт.

Ширкати China National Biotec Group (CNBG), ки якбора 2 навъи ваксина бар зидди коронавирус месозад, эълом кард, ки барои баргузории озмоиши ниҳоии ваксина дар Аморати муттаҳидаи Араб иҷозат гирифт.



Бино ба хабари South China Morning Post, ширкати чинӣ тавзеҳ надодааст, ки дақиқан кадом ваксина дар АМА озмоиш мегардад.
Дар марҳилаҳои қаблӣ ҳар ду ваксина дар Чин, дар 2 ҳазор нафар озмоиш шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо навъи ваксина бар зидди коронавирус дар ҷаҳон сохта мешавад. Вале ҳанӯз ягонтои онҳо то марҳилаи саввум нарасидаанд. Барои ин марҳила ҳазорон довталаб лозим аст. Озмоиш бояд дар шароити табиъӣ дар кишваре, ки вирус зиёд паҳн шудааст, баргузор гардад.
Дар ҳоли ҳозир дар Чин даҳҳо нафар мубталои вирус ҳастанд ва ин барои марҳилаи савуми озмоиш хеле кам аст.
Ғайр аз ширкати чинии CNBG, дигар ширкатҳои хориҷӣ Clover Biopharmaceuticals ва Sinovac Biotech низ ба озмоиши ваксина омода шудаанд.Аз ҷумла, Clover Biopharmaceuticals озмоишро дар Австралия ва Sinovac Biotech Ltd дар Бразилия баргузор мекунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ