Пешвоёни кишварҳои гуногун барои таҷлили ҷашни Ғалаба дар Маскав ҷамъ мешаванд


Сарони чанд кишвар барои ширкат дар режаи (парад) 75-умин солгарди ғалаба бар фашизм дар Маскав ҳозир шуданд.
Бино ба хабари ТАСС, то ҳол Аслан Бжания, раисҷумҳури Абхазия, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Игор Додон, раисҷумҳури Молдавия, Александр Вучич, раисҷумҳури Сербия, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ва Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар Маскав ҷамъ омаданд.
Ҳамчунин, раисҷумҳурони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ низ дар ин тадбир ҳозир хоҳанд шуд. Сарони кишварҳо дар меҳмонхонаи “Президент-отел” ҷойгир мешаванд.
Ёдовар мешавем, Дмитрий Песков, дабири матбуъотии раисҷумҳури Русия рӯзи гузашта изҳор дошт, ки бархе аз раисҷумҳурон ба иллати пандемия натавонистанд ба ин тадбир ҳозир гарданд ва Кремл сабаби онҳоро мефаҳмад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ