Шавкат Мирзиёев дар Маскав аз боғи Ислом Каримов боздид кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон имрӯз дар чорчӯби сафар дар Маскав аз боғи Ислом Каримов, ки дар наздикии сафорати Ӯзбекистон ҷойгир шудааст, боздид кард.
Мирзиёев ба зери муҷассамаи Ислом Каримов – нахустин раисҷумҳур ва сиёсатмадори бузурги Ӯзбекистон гул гузошт ва ёди ӯро гиромӣ дошт.
Дар хабари маркази матбуъотии раисҷумҳури Ӯзбекистон чунин гуфта мешавад, “Ислом Каримов бо фаъолияти барҷастаи сиёсӣ ва фазилатҳои олиҷаноби инсонии худ дар таърихи чандсадсолаи Ватани мо номи фаромӯшношуданӣ боқӣ гузошт. Ба поси хотири сиёсатмадор ва фарди бузурге, ки дар Ӯзбекистон ва ҷаҳон соҳиби обрӯ ва эҳтироми калон буд, 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Маскав муҷассама гузошта шуд”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ