Замони бозкушоии масири парвози миёни Ӯзбекистон ва Русия маълум шуд


Ӯзбекистон мехоҳад аз моҳҳои июл-август бо Русия парвозҳои дуҷонибаро оғоз кунад.
Наврӯз Ашӯрматов, раиси маркази матбуъотии вазорати ҳамлу нақл дар нишасти матбуъотӣ дар Тошканд гуфт, ки пешниҳоди бозкушоии масири парвоз дар миёни Ӯзбекистон бо Туркия, Русия, АМА ва Қазоқистон ба сурати муназзам ба комиссияи махсуси ҷумҳурӣ тақдим шуд.
Ба гуфтаи намояндаи вазорати ҳамлу нақл, дар марҳилаи аввал парвозҳо бар асоси баробарӣ роҳандозӣ хоҳанд гардид.
Ҳамчунин, парвозҳо ба кишварҳое, ки вазъияти эпидемиологашон барқарор аст, бар асоси меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Чанде пеш, вазорати ҳамлу нақл хабари қиматтар аз 700 доллар шудани нархи билети масири парвози “Маскав-Тошканд”-ро рад карда буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ