Дар як шабонарӯз дар ИМА беш аз 34 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд


Дар як шаборӯз дар ИМА 34 ҳазору 720 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки парерӯз 31 ҳазору 12 маврид гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда буд.
Дар як шаборӯз 826 тан амрикоӣ қурбони вирус шуданд. Парерӯз шумори қурбониён 425 тан буд. Аз оғози паҳншавии коронавирус дар ИМА беш аз 121 ҳазор тан бар асари гирифторӣ ба коронавирус фавт карданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ