Жээнбеков дар Маскав ба дидори ёрон нарасид, тести коронавирус бемории ҳамроҳони ӯро нишон дод

Жээнбеков дар Маскав ба дидори ёрон нарасид, тести коронавирус бемории ҳамроҳони ӯро нишон дод
  • Post category:Ҷаҳон


Раисҷумҳури Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков бо як гурӯҳи расмӣ барои ҳузур дар режаи низомӣ ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ба Маскав рафт. Баъди фурӯд дар пойтахти Русия аз онҳо тести СOVID-19 гирифта шуд. Натиҷа 2 нафар ҳамроҳи пешвои Қирғизистонро мубталои коронавирус нишон дод.
Бар асоси муқаррарот, Жээнбеков дар тадбири бошукӯҳи солгарди ғалаба ширкат накард.
Мубталоёни коронавирус – Дониёр Сидиқов, раиси бахши сиёсати хориҷии дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон ва яке аз муҳофизон буданд.
Жээнбеков рӯзи гузашта ба Маскав рафта буд. Ӯ бояд дар режаи низомӣ дар Майдони Сурх ва маросими гулгузорӣ ба қабри сарбози номаълум дар назди девори Кремл ширкат мекард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ