ИМА Белорусро ба риъоят бар меъёрҳои демократия даъват кард


Вазорати корҳои хориҷии ИМА бо ирсоли як паём аз ҳукумати Белорусия дархост кард, ки ба ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократия эҳтиром гузорад, илова бар ин, ҳамчун узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба масъулияти худ риъоят кунад. Кишвари узви САҲА бояд интихоботи озоду боадолатро таъмин кунад.
Дар ин бора Радиои Аврупои Озод хабар додааст.
Дар паёми ВКХ ИМА аз ҷумла, чунин гуфта мешавад, “Интихоботи озоду боадолат – ин мафҳуми бузургтаре аз иттифоқоти рӯзи интихобот аст. Мо ҳукумати Белорусро ба таъмини шароити баробар ба ҳамаи хоҳишмандони иштирок дар интихобот, аз ҷумла ба сабтиноми номзадҳо, дастрасӣ ба расонаҳои хабарӣ ва ғайра даъват мекунем”.
манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ