ИМА барои иттилоъ дар бораи раҳбари “Давлати исломӣ” 10 миллион доллар мукофот эълом кард


ИМА дар бораи иттилоъ дар бораи раҳбари нави Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДОИШ) мукофотпулиро то 10 миллион доллар боло бурд. Дар ин бора Майк Помпео, дабири давлатии ИМА маълум кард.
Ба гуфтаи Помпео, мукофотпулӣ барои иттилоъ дар бораи Абу Иброҳим ал Ҳошимӣ ал Қурайшӣ ваъда шудааст.
Бино ба додаҳои Вашингтон, ӯ яке аз раҳбарони ҷангҷӯёни “Ал-Қоида” дар Ироқ буд ва ба оҳистагӣ ба дараҷаи муъовини роҳбари ДОИШ расид. Соли 2019 Абу Бакр ал Бағдодӣ кушта шуд ва Абу Иброҳим ал Ҳошимӣ раҳбари нави ин гурӯҳи террористӣ таъин гардид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ