Дар Покистон хариду фурӯши пинҳонии хуни шифоёфтагон аз COVID-19 оғоз шудааст

Дар Покистон хариду фурӯши пинҳонии хуни шифоёфтагон аз COVID-19 оғоз шудааст
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Покистон хуни шифоёфтагон аз COVID-19 ба сурати пинҳонӣ аз 950 то 3000 фунт стерлинг хариду фурӯш мегардад. Хонаводаи мубталоёни коронавирус бовар доранд, ки маҳз ин “нӯшдору” ҷони азизонашонро нигоҳ медорад ва барои он омодаанд, ки пули калон пардохт кунанд.
Кормандони маҳаллии тиббӣ ба рӯзномаи The Guardian ҷараёни хариду фурӯши хуни шифоёфтагонро ҳикоя кардаанд.
Як корманди бемористони давлатии Исломобод чунин гуфтааст, “Дар ин раванд бемористонҳо иштирок намекунанд, вале ман бо чашми худ ин гуна муъомилаҳоро дидаам. Наздикони бемор ба назди шифоёфта меоянд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки эҳдокунандаи хун (донор) шавад. Баъд онҳо ба озмоишгоҳи хусусӣ мераванд ва аз хуни эҳдокунанда зардоб мегиранд”.
Дар зимн, шифокорони покистонӣ мегӯянд, ки дар бемористонҳо захираи доруҳо тамом мешавад. Дар чунин вазъият зардоби хуни шифоёфтагон барои беморон “нӯшдоруи ҳақиқӣ” маҳсуб мешавад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ