ДАР БОРАИ ДАЪВАТИ СЕССИЯИ ДАҲУМИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД

  1. Сессияи даҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум 26-уми июни соли 2020, дар соати 10:00 даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
    Дар бораи чораҳои таъмини барқарории буҷет ва ташаккулу зиёд кардани манбаъҳои иловагии даромад дар даври пандемия;
    Дар бораи корҳое, ки роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳои
    буҷет, истифодаи имтиёзҳои андоз ба субъектҳои тадбиркорӣ дар даври пандемия ва дастгирии тадбиркорӣ амалӣ мегарданд;
    Дар бораи корҳое, ки соли 2020 дар вилоят барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини иҷрои Барномаи шуғл амалӣ карда мешаванд;
    Дар бораи ташкил кардани минтақаҳои хурди саноатӣ дар ноҳияи Пойариқ ва шаҳри Каттақӯрғон;
    Дар бораи бозпас гузоштани муддат ё ки қисм-қисм пардохтани андози молу мулк, замин ва истифода аз захираҳои об;
    Дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
    Дар бораи дохил кардани тағйирот ба сохти дастгоҳ(аппарат)-и идораи ҳокимияти вилояти Самарқанд;
    Масъалаҳои дигар.
    Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
    22-юми июни соли 2020
    Қ-93
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ