Масканҳои таърихӣ барои сайёҳон кушода аст

Масканҳои таърихӣ барои сайёҳон кушода аст


Бахтиёр МУСТАНОВ
Ёдгориҳои меъморӣ ва зиёратгоҳҳои шаҳри Самарқанд аз рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.
Айни замон дар даромадгоҳҳои объектҳои мазкур туннелҳои дезинфексионӣ гузошта шудааст. Ҳарорати бадани ҳар як шаҳрвандро, ки ба маҷмӯа медарояд бо пирометр санҷида, ба онҳо дар туннели дезинфексионӣ воситаи антисептикӣ мепошанд.
– Ният карда будам, ки баъди тамомшавии даври пандемияи коронавирус фарзандонамро ба ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқанд меорам, – гуфт Раббим Турсунови нарпайӣ. – Хушбахтона, қоидаҳои карантин сабуктар гардида, роҳҳо кушода шуданд. Бо риояи қоидаҳои карантинӣ фарзандонамро ба шаҳри бостонӣ овардам. Якҷоя бо онҳо майдони Регистон, мақбараи Амир Темур ва маҷмӯаҳои Шоҳи зинда ва Руҳободро тамошо карда, аз зебогии онҳо баҳраманд гардидем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ