Камбағалиро чӣ хел бартараф мекунанд?


Дар 69 маҳаллаи ноҳияи Каттақӯрғон 61,7 ҳазор оила истиқомат мекунад. Маҳдудиятҳое, ки ба туфайли карантин ҷорӣ карда шуданд, ба тарзи зиндагии онҳо ба кадом дараҷа таъсир кард? Вазъи оилаҳои камтаъмин чӣ хел аст?
Ҳоло эътибори ҳокимияти ноҳия ба ин саволҳо нигаронида шуда, душвориҳои иқтисодии даври пандемия пешгирӣ карда мешаванд.
Дар бораи таъмин кардани шуғли 2316 нафар шаҳрвандони коршоями бекор, даромад гирифтани 2781 нафар шаҳрванд аз замини наздиҳавлигӣ, ё ки кооператив ва ба тадбиркорӣ ҷалб кардани 1802 нафар шаҳрвандони камтаъминшудаи бекор чораҳо дида мешаванд.
То имрӯз 3264 нафар шаҳрванд соҳиби манбаи доимии даромад шуд. Аз онҳо 2857 нафар ба корҳои ҷамоатӣ, 82 нафар бо ҷойҳои кории вакант, 265 нафар дар заминҳои саҳроӣ – кооперативҳо ва ба замини наздиҳавлигии 60 нафар субсидия ҷудо карда, ба шуғл ҷалб гардиданд.
Баробари ҳамин, ҳокими ноҳия дар ҷойҳо бо аҳолӣ бевосита сӯҳбат карда, барои расонидани ёрӣ ба рӯзгори эҳтиёҷмандон чораҳои зарурӣ мебинанд.
Мисол, ба сокини маҳаллаи Мундиён барои табобат ёрии моддӣ дода, ба ҳавлиаш дарвоза ва оғил сохта медиҳанд.
Ба ин оила ва сокини маҳаллаи Войрот Бӯстон Қудратова гови дӯшоӣ дода шуд. Ба Набӣ Эшқулов аз маҳаллаи Қародарё низ чунин кӯмаки ҳокимияти ноҳия ва инсонҳои саховатпешаро расонданд. M Мувофиқи таҳлилҳо: Аз қисми коршоями беш аз 273 ҳазор нафар аҳолӣ 11,1 ҳазор нафар ҷойи кори доимӣ надоранд. Дар натиҷаи омӯзиш рӯихати 3556-то оилаҳои эҳтиёҷманд тартиб дода шуд.
Хизмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Каттақӯрғон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ