Бунёду азнавсозии 96 объекти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст

Бунёду азнавсозии 96 объекти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст
  • Post category:Ҷаҳон

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10-уми январи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои дар солҳои 2020-2022 ривоҷдиҳии инфрасохтори коркардабарорӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар вилояти мо дар 7 мактаби тобеи Вазорати таълими олӣ, 31 иншооти тасарруфи Вазорати таълими халқӣ, 18 муассисаи тобеи Вазорати ҳифзи тандурустӣ, 40 объекти Вазорати таълими томактабӣ корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмирӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз рӯйи ин қарор дар шаҳри Самарқанд низ корҳои васеъмиқёс дар амал татбиқ мегарданд.
Бинокорон дар шароити имрӯзаи карантин бо риояи қоидаҳои зурурии бехатарӣ аз сирояти вирус корҳои бунёдкориро пеш мебаранд. Масалан, бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баҳодур» сохтмони бинои асосии хонишии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд сар карда буданд. Ҳоло қариб 80 фоизи корҳои сохтмонии ин объект ба охир расонида шудааст. Дар ин ҷо бо мақсади пешгирии сӯхтор чораҳои зарурӣ низ дида мешаванд. Аз тарафи ходимони Ҷамъияти мубориза бар зидди сӯхтор корҳои насби асбобу ускунаҳои дарак ва хабаррасон, барои пахши сӯхтори дохила гузоштани милҳои обӣ амалӣ мегарданд. Охири сол ин бинои замонавӣ, ки барои 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ба истифода дода мешавад. Корҳои азнавсозӣ дар мактаби таълими умумии рақами 34 ҳам давом дорад. Ин мактаб барои 740 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Корҳои азнавсозии онро бинокорони фирмаи хусусии «Фарҳод» пеш мебаранд. Дар ин ҷо аллакай қариб 30 фоизи корҳои ба нақшагирифтаро амалӣ карданд. Умуман, дар давоми солҳои 2020-2022 бунёд ва таъмиру азнавсозии 96 объект ба нақша гирифта шудааст. Ҳангоми иҷрои ин гуна корҳо ба масъалаҳои пешгирии сӯхтор, ҳодисаҳои фавқулодда ва ғайра низ эътибори калон дода мешавад, ки ин барои манфиати ҳамагон аст.
Алӣ МАВЛОНОВ, сержанти калон, мутахассиси Шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ