Рӯзи 25-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?


Дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият.

Дар Русия- рӯзи кормандони омор.

Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.

Дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ.

Соли 1794 дар робита ба инқилоби Фаронса Екатерина II фурӯши маҳсулоти Фаронсаро дар Русия манъ намуд.

Соли 1858 нахустшумораи аввалин рӯзномаи бритониёию колумбиягии «Виктория газет» нашр шуд.

Соли 1876 моҳигири америкоӣ Алфред Енсен аввалин маротиба дар таърих аз уқёнуси Атлантика танҳо шино карда гузаштааст.

Соли 1919 дар Олмон аввалин парвози нахустҳавопаймои «Юнкерс F 13», ки қаноташ як ҷуфт аст, ба амал омад.

Соли 1935 дар Порис Анҷумани байналмилалии нависандагон дар ҳимояи фарҳанг баргузор гардид, ки дар он Ҷамъияти байналмилалии нависандагон ва Шуъбаи ҳамешагии байналмилалии нависандагон барои ҳимояи фарҳанг таъсис дода шуданд.

Соли 1959 дар Москва Никита Хрушев ва сарвазири Америка Ричард Никсон аввалин маротиба дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ намоишгоҳи миллии Америкаро кушоданд.

Соли 1998 системаи махсуси амалиётии «Windows 98» баромад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ