Google ба бархе аз расонаҳо барои ахбор пул пардохт мекунад

Google ба бархе аз расонаҳо барои ахбор пул пардохт мекунад
  • Post category:Ҷаҳон


Ширкати Google эълом кард, ки ба якчанд расонаи хабарӣ барои иттилоъоти босифат пул пардохт мекунад.
Дар хабари Google гуфта мешавад, ки барномаи муҷаввиз (литсензия) додан ба расонаҳо барои иттилоъоти босифат аз ҳамин сол ҷорӣ мегардад.
Аммо дар ин хабар ҳаҷми пул барои иттилоъот гуфта нашудааст.
Google дар марҳилаи аввал бо расонаҳои хабарии Spiegel (Олмон), Solstice Media (Австралия) ва Diarios Associados (Бразилия) шартнома имзо кард.
Гуфта мешавад, ки дар оянда шумори чунин расонаҳои хабарӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ