Ҳафт сире, ки ба касе набояд гуфт

  1. Ба гуфти донишмандон якум чизе, ки бояд сир дошта шавад, ин нақшаҳои оянда аст. Ин нақшаҳо то ҷомаи амал напӯшанд, онҳоро ба ҳеҷ кас нагӯед. Чунки ҳар як ғояи моро, бар зидди худамон метавонанд истифода намоянд.
  2. Дуюм чизе, ки бояд пинҳон дорем хайру саховатҳоямон мебошад. Саховат амали нек аст. Бо амалҳои нек фахр накунед. Некиҳо ҳатман бозмегарданд.
  3. Сеюм чизе, ки донишмандон ба касе ошкор накардани онро тавсия мекунанд, ин писандидаҳои шумост. Ба одамони дучоромада дар бораи чи хел хӯрокро дӯст медоред, кадомашро намехӯред, чӣ қадар хоб мекунед, гап назанед.
  4. Чаҳорум чизе, ки набояд зикр кард, далерӣ, ҷасорат аст. Касе бо санҷишҳо аз берун рӯ ба рӯ шавад, касе аз дарун. Санҷиши берунаро ҳама мебинад ва аз ин имтиҳонҳо гузарад, мукофот мегирад, лекин санҷишҳои даруниро ҳеҷ кас намебинад ва ба ин имтиҳонҳо тоб орад, мукофот намегирад.
  5. Панҷум чизе, ки ба дигарон набояд гуфт, ин илми динӣ мебошад. Дониши динӣ дар сатҳи гуногун буда, дар ин бора касе ки мукаммал аз худ кардааст, метавонад бо дигарон ба ҳам бинад. Онҳое, ки акнун ба гирифтани дониши динӣ шурӯъ мекунанду бо дигарон ба ҳам дидан мехоҳанд, хатои асосии онҳо мебошад ва ин ба ҷойи некӣ онҳоро роҳгум мекунад ва ҳаттоки метавонад тарсонад.
  6. Чизи шашум, ки набояд ба касе гуфт, ин низоъҳои оилавӣ ва умуман, ҳаёти шахсӣ аст. Дар ёд доред: дар бораи муаммоҳои оилавӣ чӣ қадар кам гап занед, оилаатон ҳамон қадар мустаҳкам мешавад.
  7. Ва ҳафтум чизе, ки ба дигарон набояд гуфт, ин ғайбати аз касе шунида аст. Вақти кӯчагардӣ пойафзолатон мумкин чиркин шавад. Дар хона, ё ки назди ягон кас рафта ғайбати шунидаро гӯед, чун одаме мешавед, ки хона омада, пойафзоли чиркинро иваз намекунад. Таҳия ва тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ